Мухолифати Миянмар бо таҳқиқот дар бораи ҷиноятҳои зидди мусулмонон
Режими Миянмар бо оғози таҳқиқоти Дивони байналмиллалии кайфарӣ дар бораи ҷиноятҳои сурат гирифта зидди мусулмонони Рохингя дар ин кишвар мухолифат кард.
Ба нақл аз ФрансПресс, давлати Миянмар рӯзи ҷумъа дар ҳоле, ки бо таҳқиқоти Дивони байналмиллалии кайфарӣ дар бораи ҷиноятҳо зидди мусулмонони Рохингя мухолифат карда, ки фишорҳои ҷаҳонӣ дар бораи рафтори хушунатомези артиш ва нерӯҳои амниятии Миянмар зидди мусулмонон афзоиш ёфтааст.
Дивони байналмиллалии кайфарӣ рӯзи панҷшаанбе оғози таҳқиқоти комил дар бораи ҷиноятҳои артиши Миянмар зидди мусулмонони Рохингя дар соли 2017 ро тасвиб кард.
Қозиёни Дивони байналмиллалии кайфарӣ дар баёнияе эълом карданд, ин таҳқиқот шомили ҷурмҳое дар Миянмар алайҳи ақалияти Рохингя ба вижа иқдомоти хушунатбор ва ихроҷи онҳо хоҳад буд, ки метавонад ҷиноятҳои зидди башарӣ ба шумор ояд.
Аз 25 август 2017 дар ҳамлаҳои артиши Миянмар ва будоиёни ифротӣ ба мусулмонони Рохингя дар вилояти Рохин дар ғарби Миянмар беш аз шаш ҳазор мусулмони Рохингя кушта, ҳашт ҳазор нафар захмӣ ва ҳудуди як миллион нафар низ ба Бангладеш овора шудаанд.
Кумитаи ҳақиқатёби мустақили Созмони Миллали Муттаҳид пас аз баррасии вазъияти вилояти Рохин эълом кард артиши Миянмар муртакиби куштори ҷамъӣ ва таарруз ба мусулмонони Рохингя шудааст.