Пахши азон барои аввалинбор аз баландгӯҳои масҷиди Амстердам
Барои аввалин бор азон аз баландгӯҳои масҷиди Амстердам пахш шуд.
Ба нақл аз Ҳавза, масҷидиҳо ва мардуми маҳаллӣ беруни ин маркази исломӣ истода буданд ва вуқуи ин лаҳзаи эҳсосиро бо телефонҳои ҳамроҳ забт мекарданд.
Ба гуфтаи як мақоми Масҷиди Обӣ дар Амстердам рӯзи ҷумъа барои аввалин бор азон аз баландгӯҳои ин масҷид пахш шуд.
Масҷиди Обӣ ҷумъаи гузашта барномаи пахши азон аз баландгӯҳои масҷидро рехта буд, ки коршикании ашхоси ношинос ва қатъ кардани кобли савтии баландгӯҳо монеи ин иттифоқ шуд.
Масҷидиҳо ва мардуми маҳаллӣ беруни ин маркази исломӣ истода буданд ва вуқуи ин лаҳзаи эҳсосиро бо телефонҳои ҳамроҳ забт мекарданд.
Нуриддин Войдилман сухангӯи масҷид дар ин бора гуфт, ки бо вуҷуди таъхир аз шунидани азон аз баландгӯҳо хушҳол ва муфтахар аст.
Войдилман бо баёни ин ки 7 дасради масҷидҳои Нидерланд солҳост, ки азонро бар сари баландгӯҳо таловат мекунанд хотирнишон кард, ин аввалин бор барои пойтахт аст, ки иҷозаи чунин коре пайдо кардаем.
Орсола Вон Спронсин яке аз сокинони маҳаллӣ гуфт, ки ӯ барои аввалин бор ба шунидани азон ба масҷид омада ва ба назараш хуб аст.
Ҳамакнун назидк ба 500 масҷид дар сар то сари Нидерланд вуҷуд дорад.