Намоиши рӯймолҳои рангии муаррифи ҳиҷоб дар Полша
Хонум Агнишка Жакбилова ҳунарманде аз Полша бо баргузории намоишгоҳи рӯймолҳои рангӣ дар Варшава пушиши ҳиҷоби занони мусулмонро муаарифӣ мекунад.
Ба наул аз ИКНО, дар фарохони марбут ба ин хабар омадааст, рӯймолро фақат намоди пушиш надонем ва аз он фирор накунем ин пушиш як нишони ҳунарӣ аст, ки фарҳанг ва ҳунари мардумоне мутафовитро ба намоиш мегузорад ва моро ба дили рангҳо ва фарҳангҳо мекашонад.
Ин намоишгоҳ идеаи халоқонаи хонум Агнишка Жакбилова ҳунарманди полшаӣ барои муаррифии пушиши занони мусулмон буда ва бо ҳимояти галерии Сталова бо ҳадафи намоиши тоблуҳои ин ҳунарманд ва фуруши онҳо дар ҳароҷ баргузор шудааст.
Намоишгоҳи Варшава зинат ва пушиш дар ру ба руӣ бо фарҳанг ва суннат ном дорад ва ҷилвае аз ҳунари мазҳабии шарқ барои Аврупои муосир ба шумор меояд.