Русия: Шаҳраксозии Исроил ғайриқонунӣ аст
(last modified Tue, 19 Nov 2019 12:58:54 GMT )
Ноябр 19, 2019 17:58 Asia/Dushanbe
  • Русия: Шаҳраксозии Исроил ғайриқонунӣ аст

Ба гуфтаи Вазорати умури хориҷии Русия, мавозеи ин кишвар дар қиболи шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ тағйире накардааст.

Вазорати умури хориҷии Русия бо судури баёния ба суханони Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико мабнӣ бар ҳимоят аз шаҳраксозиҳо вокуниш нишон дод. Дар ин баёния бо ишора ба ин ки мавзеи Маскав дар қиболи масъалаи шаҳраксозиҳо дар Каронаи Бохтарӣ тағйир накарда, омадааст: "Мо пештар эълом кардем, ки ин шаҳраксозиҳо ғайриқонунӣ аст".

Майк Помпео ба тозагӣ гуфтааст, Вашингтон шаҳраксозии Исроил дар сарзаминҳои Фаластинро муғоир бо қавонини байналмилалӣ намедонад. Ин суханон мухолифати гурӯҳҳои фаластинӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Мисрро низ ба ҳамроҳ доштааст.

Режими Исроил бо сохти шаҳракҳои саҳюнистнишин дар садади тағйири ҷуғрофияи манотиқи фаластинӣ ва додани чеҳраи саҳюнистӣ ба ин манотиқ аст, то султаҷӯиҳояшро дар манотиқи фаластинӣ тасбит кунад.