Амрико 3000 низомӣ дар Арабистон мустақар мекунад
(last modified Wed, 20 Nov 2019 05:42:40 GMT )
Ноябр 20, 2019 10:42 Asia/Dushanbe
  • Амрико 3000 низомӣ дар Арабистон мустақар мекунад

Раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи сешанбе дар номае хитоб ба раиси Маҷлиси намояндагони ин кишвар бо таҳдид хондани Эрон аз истиқрори се ҳазор низомӣ ва таҷҳизоти амрикоӣ дар Арабистон хабар дод.

Ба нақл аз ИРНО, Доналд Трамп дар ин нома бо баёни ин ки бахши нахусти ин нерӯҳо вориди Арабистон шудаанд гуфт, боқимондаи нерӯҳо низ дар ҳафтаҳои оянда вориди хоки ин кишвар мешаванд.

Трамп дар ин нома Эронро масъули ҳамла ба таъсисоти нафтии Арабистон муаррифӣ кард ва муддаӣ шуд нерӯҳо ва таҷҳизоти амрикоӣ бо ҳадафи муҳофизат аз Арабистони саудӣ дар ин кишвар мустақар хоҳанд шуд.

Бар асоси эъломи Трамп, таҷҳизоти низомие, ки ба Арабистони саудӣ эъзом хоҳанд шуд шомили сомонаҳои радарӣ ва мушакӣ барои беҳбуди қудрати дифоӣ дар баробари таҳдидҳои ҳавоӣ ва мушакӣ дар минтақа як шохаи эъзомии ҳавоӣ барои пуштибонӣ аз амалиёти ҳавопаймоҳои Амрико дар Арабистони саудӣ ва ду скадрани ҷанганда хоҳад буд.

Ба рағми ин ки артиши Арабистон дорои сомонаҳои  падофанди ҳавоӣ ва мушакии патриот аз ҷумла дар атрофи таъсисоти нафтии Оромку буд, аммо вуҷуди ин сомонаҳо монеъ аз ҳамлаоти паҳподии яманиҳо нашуд ва ҳамин масъала интиқодоти зиёдеро дар дохил ва хориҷи Арабистон муҷиб шудааст.