Сентябр 26, 2016 19:55 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани даҳҳо шаҳри Испания ба ҷунбиши таҳрими режими саҳюнистӣ

Даҳҳо шаҳри Испания аз ҷумла Кадис, Мадрид ва Валенсия ба Ҷунбиши таҳрими режими саҳюнистӣ пайвастанд.

Ба гузориши хабаргузори "Муо", Кумитаи миллии Фаластин барои таҳрими Исроил дар Аврупо, имрӯз душанбе эълом кард, беш аз 50 шӯрои маҳаллӣ дар шаҳрҳои мухталифи қораи Аврупо худро "минтақаи озодшуда аз опортоиди исроилӣ" эълом кардаанд ва ин раванд як пирӯзӣ барои ҷунбиши таҳрими режими саҳюнистӣ « bds» ба шумор меравад.

Бар асоси ин гузориш, боризтарин ин шаҳрҳои Кадис, Мадрид, Валенсия, Севилья ва Кордо дар Испания аст.

Кумитаи миллии Фаластин барои таҳрими Исроил, маъракаи «манотиқи озодшуда аз опортоиди исроилӣ»-ро дар манотиқи мухталифи Испания ба роҳ андохта ва мавриди ҳимояти Ҷунбишҳои иҷтимоӣ, мадорис, шаҳрдориҳо ва созмонҳо қарор гирифтааст.

Кумитаи миллии Фаластин барои таҳрими Исроил дар баёнияе эълом кард, иддеаи ин маърака аз маъракаҳои мушобеҳ дар даҳаи ҳаштод ( 1980 мелодӣ ) барои канор задани опортоид дар Африқои Ҷанубӣ гирифта шудааст.

Бисёре аз фаъолон ва аҳзоби мустақил дар Аврупо ва Амрикӣ, аз густариши таҳрими зидди режими саҳюнистӣ истиқбол мекунанд.