Ноябр 20, 2019 12:52 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани ду халабони болгарди низомии Амрико дар Афғонистон

Ду халабони амрикоӣ бар асари суқути болгарди низомии ин кишвар дар шарқи Афғонистон кушта шуданд.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Дафтари матбуотии Созмони паймони атлантики шимолии НАТО рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе кушта шудани ин ду низомии амрикоӣ бар асари суқути як болгарди ин кишвар дар шаҳристони Чарх-и вилояти Логар дар шарқи Афғонистонро таид кард.

Дар ҳамин ҳол Толибон низ дар баёнияе эълом кард, ин гуруҳ як болгарди Шиноки Амрико дар шаҳристони Чарх дар вилояти Логарро сарнагун карда ва 54 низомии афғон ва амрикоиро низ куштааст.

Пештар низ Толибон тавонистааст даҳҳо болгардҳои Амрико дар Афғонистонро сарнагун кунад.

Нерӯҳои амрикоӣ ва муттаҳидонаш дар ҳоле аз соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон ҳузур пайдо кардаанд, ки то кунун на танҳо ноамнӣ ва талафоти ғайринизомиён ва ҳамчунин фаолияти гуруҳҳои террористӣ дар ин кишвар коҳиш наёфта, балки афзоиш низ доштааст.

Барчасп