Ноябр 20, 2019 21:04 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори нахустин конфронси байналмилалии ҷаҳонӣ шудан дар Осиёи муосир

Нахустин конфронси байналмилалии ҷаҳонӣ шудан дар Осиёи муосир оғоз ба кор кард.

Ин конфронс имрӯз чоршанбе бо ҳузури устодоне аз кишварҳои Эрон, Чин, Ҳинд, Покистон, Сербия, Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия, Ветнам, Туркия, Шри-Ланака ва Русия дар бахшҳои мухталиф шурӯъ шудааст.

Соҳибназарони ҳозир дар ин конфронс таи ду рӯз дидгоҳҳо ва мавзӯъҳои мухталифе, аз қабили шарқи Осиё дар дидгоҳи ҷаҳонӣ, Ховари Наздик ва Миёна, бозигарони минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ва мавзӯъҳои марбут ба ҳаллу фасли даргириҳо ва бӯҳронҳо - чолишҳо ва роҳи ҳалҳои ҷануби Осиё дар раванди ҷаҳонӣ шудан ва мавзӯъҳои марбут ба забоншиносӣ ва мутолиоти минтақавиро мавриди баҳс ва табодули назар қарор хоҳанд дод.