Кумаки 10 ҳазор долларии мусулмонон ба оташнишонони Австралия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i48479
Бо афзоиши оташсӯзиҳо дар Австралия мусулмонон кумакҳои ҷамъоваришудаи худро ба оташнишонҳои ин кишвар доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 21, 2019 13:33 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 10 ҳазор долларии мусулмонон ба оташнишонони Австралия

Бо афзоиши оташсӯзиҳо дар Австралия мусулмонон кумакҳои ҷамъоваришудаи худро ба оташнишонҳои ин кишвар доданд.

Ба нақл аз ИКНО, мусулмонони шаҳри Сиднейи Австралия барои кумак ба оташнишононе, ки дар ҳоли мубориза бо оатшсӯзиҳои густардаи ин кишвар ҳастанд кумакҳои молӣ ироа карданд.

Маблағи кумаки ҷомеаи мусулмонони Сидней 10 ҳазор доллар буд, ки ба дафтари оташнишонии шаҳри Вачоп эҳдо шуд.

Умар Чор аз аъзои Анҷумани мусулмонони муттаҳиди Австралия гуфт, ки онҳо пас аз дидани вазъияти ашхоси гирифтор дар оташсӯзиҳо ин маблағро аз ҷомеаи кучакашон дар Сидней ҷамъоварӣ карда буданд.

Оташсӯзиҳои Австралия дар охирҳои моҳи октябр аз ҷанганлҳои иёлати НиюСавтВелз дар 300 километрии шимоли Сидней оғоз шуд ва ба суръат густариш ёфт.

Оташсӯзии ҷангалҳо дар тобистонҳои гарму хушки Австралия роиҷ аст; аммо вуқуи зудҳангоми он дар соли равон ва ҳамчунин шиддат ва қудрати он ҳамагонро ба ҳайрат овард.