Баргузории давраи омӯзиши ҳунари исломӣ дар мактаби иқтисоди Маскав
Давраи омӯзиши ҳунари исломӣ дар мактаби иқтисоди Маскав баргузор шуд.
Ба нақл аз ИКНО, давраи омӯзиши ҳунари исломӣ бо меҳварияти хат ва котибони нусхаҳои хатии Шоҳнома ва ҳузури асотид ва донишҷӯёни рус дар мактаби олии иқтисоди Маскав баргузор шуд.
Ин чаҳорумин барнома аз Ҳафтаи хушнависии исломӣ дар Маскав буд, ки бо меҳварияти хат ва котибони нусхаҳои хатии Шоҳнома ва бо ҳимояти бунёди Ибни Сино ва ҳамкории Анститои мутолиоти шарқии мактаби олии иқтисоди Маскав баргузор шуд.
Дар ин маросим Ирина Саригародиства устоди мактаби олии иқтисоди Маскав бо ишора ба ин ки ин чаҳорумин ҷаласаи омӯзишӣ аст, ки мактаби олии иқтисод ва бунёди Ибни Сино дар заминаи ҳунари исломӣ баргузор мекунанд, изҳор кард, ин нишон аз аҳамияти ин мавзӯъ ва ҷиддияти тарафайн барои ҳамкориҳои илмӣ дорад.
Дар идома хонум Никӣ Тен Ко аз устодони мактаби олии иқтисоди Маскав нақши ҳунар дар муаррифии тамаддун ва фарҳанги исломиро бар шуморда ва таъкид кард, ниёз ба ошноӣ бо ҳунари исломӣ барои шинохти ҳар чи бештар ва беҳтари ислом амре иҷтинобнопазир аст.
Вай баргузории чунин ҷаласотеро барои устодон ва донишҷӯён бисёр муфид донист ва омодагии мактаби олии иқтисод барои густариши ҳамкорӣ дар ин заминаро эълом кард.