Таъкиди Туркия бар роҳандозии сомонаи S-400-и Русия
Ноябр 22, 2019 20:03 Asia/Dushanbe
Вазири дифои Туркия таъкид кард, сомонаи дифои мушакии S-400, ки Анкара аз Маскав харидорӣ кардааст, ба рағми мухолифати Амрико фаъол хоҳад шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Анадолу”, Ҳулуси Акар имрӯз дар комиссияи буҷаи парлумони Туркия гуфт, Анкара ба ҳеҷ ваҷҳ бо чашмпӯшии комил аз сомонаи дифои ҳавоии S-400-и Русия сомонаи “Патриот”-ро ҷойгузини он нахоҳад кард.
Вашингтон борҳо Анкараро ба эъмоли таҳримҳо алайҳи Туркия дар сурати хариди сомонаҳои падофанди ҳавоии S-400 аз Русия таҳдид кардааст. Амрико ҳамчунин ҳушдор додааст, дар вокуниш ба ин иқдоми Туркия фурӯши ҳавопаймоҳои F-35-ро ба Туркия лағв хоҳад кард.
Барчасп