Ноябр 25, 2019 20:35 Asia/Dushanbe
  • Ошноӣ бо хутути китобати Қуръон дар Беларус

Коргоҳи хушнависии эронӣ бо муаррифии хутути китобати Қуръон дар китобхонаи миллии ин кишвар баргузор шуд.

Ба гузориши ИКНА, ин коргоҳ дар чорчӯби ҳафтаи китоб ва китобхонии Эрон дар Китобхонаи миллии Беларус баргузор шуд ва дар он Сайид Саҳроӣ, устоди хушнависӣ ва донишҷӯи соли охири докторои дандонпизишкӣ мабоҳиси марбутаро барои ширкаткунандагон тавзеҳ дод.

Дар бахши нахусти ин коргоҳ ва дар замони муаррифии хутути эронӣ, ба хутути куфӣ ва соири хутуте, ки Қуръон ва кутуби мазҳабӣ бо он китобат мешавад, ишора шуд ва дар идома бештар таъкид бар хатти настаълиқ буд.

Марабиён, форсиомузони марокизи эроншиносии донишгоҳҳои Беларус, эрониёни муқим ва алоқамандон дар ин коргоҳ ширкат карданд ва бо ҳунари хушнависии эронӣ ошно шуданд.

Дар ибтидои барнома Абулқосим Мухториён, ройзани фарҳангии сафорати Эрон дар Беларус, дар суханони кӯтоҳе бо ишора ба баргузории ҳафтаи китоб ва китобхонӣ ба сурати ҳамзамон дар Эрон ва чанд кишвари мухталиф аз ҷумла Беларус, иҷрои ин коргоҳи омӯзиширо гоми дигаре дар ростои ошноии алоқамандон бо фарҳанг ва ҳунари Эрон замин бо хатт ва хушнависӣ, ки саҳми басазое дар ҳунари китобат ва нашри китоб дар арсаи фарҳангӣ ва иҷтимоии Эрон дорад, донист.