Ноябр 26, 2019 17:54 Asia/Dushanbe
  • Таҷҳизи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бо фанноварии ҷанги электронӣ

Русия бо ҳадафи дифоъ дар баробари мушакҳои “Круз” пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистонро бо насби ҷадидтарин истгоҳи ирсоли паразит ва ҷанги электронии "Поле-21" тақвият мекунад.

Ба гузориши ИРНА, бахши матбуотии минтақаи низомии марказии Русия эълом кард, ки ҳавопаймоҳои бории низомӣ аввалин маҷмӯа аз ин таҷҳизоти вижаро то пеш аз поёни имсол ба Тоҷикистон мунтақил хоҳанд кард.

Таҷҳизоти ҷанги электронии "Поле-21" дар Тоҷикистон бо ҳадафи муҳофизат аз таъсисот ва амокини дорои аҳамияти роҳбурдӣ дар баробари ҳамалоти мушаки “Круз”, паҳподҳо ва бомбҳои ҳидоятшаванда насб мешавад. Сомонаи “Поле-21” дар канори сомонаҳои ҷанги электронӣ, ки пеш аз ин насб шудаанд, муҳофизат аз таъсисоти низомии Русия дар баробари сомонаҳои таслиҳотии ҳидоятшаванда ва абзорҳои шиносоии электироникиро то ҳадди зиёде тақвият мекунад.

Тавсеаи қобилиятҳои низомии Русия дар солҳои ахир бо вокуниши манфии расонаҳо ва мақомоти ғарбӣ рӯ ба рӯ шудааст.  Рӯзномаи англисии “Экспресс” ба тозагӣ муддаӣ шуд, ки Русия бо рӯнамоӣ аз таҷҳизоти пешрафтаи ҷанги электронӣ зангҳои ҳушдорро ба садо дароварда, ки барои ҷангҳои қарни 21 омода аст.

 

Барчасп