Ноябр 26, 2019 22:27 Asia/Dushanbe

Таиланд аз фил ба унвони намоди миллӣ ва омили муҳим дар равнақи саноати гардишгарӣ ва кишоварзӣ истифода мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, таиландиҳо бо омӯзиши ин ҳайвони бузургҷусса аз он барои ҳаракоти намоишии ҷаззоб дар ҷашнвораҳои маҳаллии солона ва ҳамчунин карнавалҳои шодӣ истифода мекунанд.

Филҳои хушнажоди осиёӣ бо рангҳои рӯшан, қади се то чаҳор метр ва вазни ҳафт то ҳашт тонна узви горди вижаи шоҳашоҳии ин кишваранд, ки дар ҷашнҳои подшоҳӣ ва муносибатҳои миллӣ ва мазҳабӣ бо шукӯҳи хосе дар хиёбонҳои Банкок режа мераванд.

Филҳо намоди миллии ин кишвар ҳастанд, ба тавре ки тасвири фил рӯйи муҳрҳои идории Таиланд ҳак шуда ва зери номаҳои идорӣ аз ин муҳр истифода мешавад. Филҳои рӯшани осиёӣ бо ҳуши саршоре, ки доранд, танҳо мавҷуди бузургҷуссае ҳастанд, ки метавонанд тасвири худашонро дар оина ташхис диҳанд ва ҳатто рӯйи коғаз наққошӣ кунанд.

Кишоварзони таиландӣ ҳам аз ин ҳайвони қавиҳайкал барои ҷо ба ҷоии сангинтарин борҳо ва фаъолиятҳои кишоварзии душвор баҳра мегиранд.

Таиланд сад ҳазор фил доштааст, ки ин теъдод ба иллати шикор ва гоҳ нозоии ношӣ аз шокҳои электрики барои омӯзиш бисёр коҳиш ёфтааст.

 

Барчасп