Ноябр 27, 2019 13:25 Asia/Dushanbe
  • Парандагон мӯҷиби эъломи ҳолати фавқулодда дар Вашингтон шуданд

Мақомҳои амрикоӣ мегӯяанд, омиле, ки боиси эъломи вазъи фавқулодад дар Кохи Сафед ва марокизи муҳимми Вашингтон шуд, «як дастаи паранда ё балони ҳавошиносӣ» буд.

Ба гузориши ИРНА, сухангӯи фармондеҳи ҳаво-фазои Амрикои Шимолӣ бомдоди чаҳоршанбе ба шабакаи «NBC» гуфт, ки ҷисме, ки боиси эъломи вазъи амниятӣ шуда, мумкин аст, «як даста паранда ё як балони ҳавошиносӣ» буда, бошад.

Вай афзуд, ки ин моҷаро «бидуни бурузи ҳодисае ҳал шуд».

Расонаҳои Амрико гузориш доданд, дар пайи нақзи ҳарими ҳавоии Кохи Сафед ва бархе ниҳодҳои давлатӣ, дар Вашингтон вазъи фавқулодда эълом шудааст.

Мақомҳои Амрико гуфта буданд, ки нақзи ҳарими ҳавоии Вашингтон, иқдоми хасмона набудааст.

Бар ин асос, вазъи фавқулоддаи Кохи Сафед бартараф шуд ва ба ҳоли оддӣ даромад.

Ба думболи эъломи вазъи қирмиз, чанд ҷангандаи нирӯи  ҳавоии артиши Амрико бар фарози пойтахти ин кишвар ба парвоз даромаданд.