Ноябр 27, 2019 17:06 Asia/Dushanbe
  • Интишори китоби

Китоби "Бозсозии андешаи динӣ" асари Аллома Иқболи Лоҳурӣ бо ҳимояти Бунёди Ибни Сино ва ҳамкории Институти фалсафаи Академияи улуми Русия ба забони русӣ дар ин кишвар чоп ва мунташир шуд.

Асари мазкур дорои ҳафт фасл аст. Иқболи Лоҳурӣ (шоир, файласуф, сиёсатмадор ва мутафаккири мусалмони покистонӣ) дар ин китоб динро пӯё ва зинда мешуморад ва мӯътақид аст, дин зарифиятҳое дорад, ки ба хубӣ ба масоили навин низ метавонад посухгӯ бошад.

Ба нақл аз ИКНА, равише, ки ӯ дар ин китоб дунбол мекунад, равише мубтанӣ бар воқеият аст ва ба ҳамин далел вай таваҷҷӯҳи мухотабонро ба бозсозӣ маътуф мекунад.

Аз назари вай вазифаи мусалмонон дар ин аср бисёр душвор аст ва онҳо бояд бидуни ин, ки аз асл ҷудо шаванд, як бознигарӣ ва таҷдиди назари дубора дар омӯзаҳои динӣ дошта бошанд.

 

Барчасп