Ноябр 28, 2019 11:14 Asia/Dushanbe
  • Чолиши ғизои ҳалол дар Бозиҳои ҷанубу шарқи Осиё-2019

Дар ҳоле ки тимҳои варзишии Сингапур варзишкорони мусалмони зиёде дар ихтиёр доранд, нигарониҳо аз ғизои ғайриҳалол танишҳоеро дар Бозиҳои ҷанубу шарқи Осиё-2019 ба ҳамроҳ доштааст.

Ба гузориши “Ҳавза”, гузоришҳое дар бораи вуҷуди гӯшти хук дар ғизои варзишкорони мусалмони Сингапур дар мусобиқоти Филиппин нигарониҳоеро дар пай доштааст, дар ҳоле ки Шӯрои миллии олимпии Сингапур дар баёнияе ин иддаоро рад кардааст.

Дар гузоришҳо омада, ки чандин ваъдаи ғизои супоришуда ба варзишкорони мусалмон дар Бозиҳои ҷанубу шарқи Осиё-2019 дар Филиппин ҳовии гӯшти хук будаанд, ба тавре ки бисёре хостори шикоят аз баргузоркунандагони мусобиқот шудаанд. Дар ин миён мақомоти мусалмони Филиппин низ мудохила кардаанд ва аз созмондиҳадагони бозиҳо хостаанд, сареъ мушкили мазкурро ҳал карда ва ғизои кофии ҳалол дар ихтиёри варзишкорони мусалмон қарор диҳанд. Гуфта мешавад, баргузоркунандагони бозиҳо ёдовариҳои Комиссияи миллии мусалмонони Филиппин дар робита бо сарфи ғизои бидуни гӯшти хук ба варзишкорони мусалмонро нодида гирифтаанд ва ҳатто сарошпази тими Сингапур низ дар номае дар ин робита шикоят кардааст. Бо ин ҳол мақомоти Сингапур иддаоҳои варзишкорон ва ҳатто сарошпази тимро нодуруст хонданд.

Лозим ба зикр аст, ки Сингапур дар канори кишварҳои мусалмон, монанди Малайзия, Индонезия ва Бруней яке аз кишварҳоест, ки варзишкори мусалмони зиёде дорад.