Малакаи Британия билохира бознишаста мешавад
Ноябр 30, 2019 19:02 Asia/Dushanbe
Элизабети дуввум малакаи Англия, ки дар остонаи 95 солагӣ қарор дорад, дар як солу ними оянда тоҷу тахтро тарк ва онро ба писараш Чарлз вогузор мекунад.
Ба нақл аз Спутник, малака Элизабет, ки аз соли 1952 малакаи Британия аст, пас аз 67 сол подшоҳӣ вогузории ихтиёроти худ ба писарашро ба сурати ғайрирасмӣ оғоз кардааст.
Агар чи малакаи Элизабет ҳануз дар бархе дидорҳо шахсан ҳозир мешавад, аммо ӯ теъдоди ин дидорҳоро коҳиш додааст ва дар бештари маросим Чарлз ба ҷои малака ҳозир мешавад.
Барномаи подшоҳии Чарлз муддатест, ки оғоз шуда, аммо то кунун ба сурати расмӣ эълом нашудааст.