Кашфи скелети қадимитарин динозаври гуштхори ҷаҳон
Скелети қадимитарин динозаври гуштхори ҷаҳон дар Бразилия кашф шуд.
Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, ба тозагӣ скелети қадимитарин динозаври гуштхори ҷаҳон, ки 230 миллион сол пеш зинда буда, дар Бразилия кашф шудааст.
Дандонҳои шаффоф ва бурранда ҳамчун теғ ва орвораҳои мустаҳками ин динозавр, онро ба як мошини қотил табдил карда буд.
Доктор Муллер зистшинос дар донишгоҳи Федерали Санта-Мария мегуяд, ин гуна динозавр аз дандонҳояш барои гирифтани туъма истифода кардааст.
Ӯ мегуяд скелети ёфтшуда аз сари ин ҳайвон иҷоза медиҳад, то бо истифода аз си ти скан ва тасвирбардорӣ мавориди тозае дар бораи мағзи ин гунаи мунқаризшуда кашф шаванд.
Ин гуна аз динозавр вазне нимтонӣ ва қадде даҳ поӣ доштааст.