Декабр 01, 2019 11:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳинд мушаки болстики ҳастаӣ озмоиш кард

Ҳинд рӯзи шанба бо муваффақият мушаки болстики Агнӣ3-ро бо қобилияти ҳамли кулоҳаки ҳастаӣ озмоиш кард.

Ба нақл аз ИРНО, мақомоти дифоии Ҳинд эълом карданд, ин мушак бо бурди мутавассит дар соатҳои поёнии рӯзи шанбе аз саккуе дар ҷазирае дар иёлати Одиссея бо муваффақият партоб шудааст.

Мушаки болстики Агнӣ3 дорои 16 метр тул ва 48 тонна вазн аст, ки метавонад кулоҳаки ҳастаиро то фосилаи 3000 километр ҳамл кунад.

Ин севвумин озмоиши мушакҳои ҳастаии Ҳинд аз ибтидои ноябр аст.

Ҳинд ҳамвора дар рақобате ошкор бо Покистон бо озмоишҳои мушакии мухталиф ба дунболи афзоиши қудрати низомии худ аст.

Рақобатҳои таслиҳотӣ миёни Ҳинд ва Покистон ба вижа ба далели танишҳои ҳамешагӣ миёни онҳо ҳамвора боиси нигаронии ҷомеаи байналмиллалӣ будааст. 

Барчасп