54 куштаву захмӣ дар тирандозиҳои Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i48774-54_куштаву_захмӣ_дар_тирандозиҳои_Амрико
Маркази сабти омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико аз кушта ё захмӣ шудани 54 нафар дар тирандозиҳои 24 соати гузаштаи ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 01, 2019 18:05 Asia/Dushanbe
  • 54 куштаву захмӣ дар тирандозиҳои Амрико

Маркази сабти омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико аз кушта ё захмӣ шудани 54 нафар дар тирандозиҳои 24 соати гузаштаи ин кишвар хабар дод.

Маркази сабти омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико рӯзи якшанбе эълом кард, бар асари 55 мавриди тирандозӣ дар 24 соати гузашта дар иёлатҳои мухталифи ин кишвар, дастикам 21 нафар куштаву 33 нафар захмӣ шудаанд.

Ин тирандозиҳо дар иёлатҳои Луизиана, Техас, Флорида ва дар шаҳри Вашингтон, дар минтақаи Колумбия рух додааст.

Тибқи ин гузориш, дар 48 соати гузашта низ 156 мавриди тирандозӣ дар иёлатҳои мухталифи Амрико гузориш шуда, ки дар натиҷаи онҳо 52 нафар куштаву 108 нафар захмӣ шудаанд.

Солиёна ҳазорон нафар бар асари тирандозӣ бо силоҳи гарм дар нуқоти мухталифи Амрико кушта ва ё захмӣ мешаванд.