Озмоиши мушаки фаросавтӣ дар Русия
(last modified Sun, 01 Dec 2019 16:00:41 GMT )
Декабр 01, 2019 21:00 Asia/Dushanbe
  • Озмоиши мушаки фаросавтӣ дар Русия

Як мақоми саноеи дифоии Русия аз озмоиши мушаки фаросавти "Кинжал" хабар дод.

Мақоми саноеи дифоии Русия, ки номаш мунташир нашудааст, рӯзи якшанбе ба хабаргузории давлатии ТААС гуфт: Мушаки фаросавти "Кинжал" миёнаҳои моҳи ноябр дар пойгоҳи низомие ҳамҷавор бо минтақаи қутбии Русия мавриди озмоиш қарор гирифт.

Мушаки "Кинжал" ҳавопоя ва дорои суръати 10 баробари савт аст ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия чанде пеш аз барномаи сохти он ва чанд мушаки дигар, аз ҷумла мушаки қорапаймои "Авангард" ба унвони тадбирҳои Маскав барои посух ба иқдомоти Вашингтон дар арсаи мушакӣ, аз ҷумла хурӯҷ аз паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурди INF хабар дода буд.

Путин мушаки "Кинжал"-ро беназир хонда буд.