Таъкиди масъули нави сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бар ҳифзи БарҶом
Иттиҳодияи Аврупо ба ҳамроҳи се кишвари аврупоӣ (Олмон , Франса ва Биритониё) нақши муҳимме дар ба самар расидани тавофуқи ҳастаии БарҶом дар соли 2015 ифо карданд.Бо ин ҳол пас аз хурӯҷи Амрико аз БарҶом, аврупоиҳо дар заминаи анҷоми тааҳҳудот(уҳдадориҳо)и худ барои ҳифзи ин тавофуқ ноком мондаанд.
Акнун бо оғози давраи зимомдорияш, Ҷозеф Боррел-масъули нави сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо қавл дода, ки барои ҳифзи БарҶом талош кунад. Боррел дар мусоҳибае , ки рӯзи якшанбе ҳамзамон бо оғози фаъолияти вай ба унвони масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо интишор ёфт, зимни таъкид бар лузуми анҷоми талошҳои ҳамаҷониба барои «зинда нигаҳ доштан»и БарҶом изҳор дошт, ки Иттиҳодияи Аврупо бештарин алоқаро барои ҳифз ва бақои БарҶом дорад.Масъули нави сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз ҳама тарафҳои БарҶом хост ҳар чиро, ки метавонанд, анҷом диҳанд то ин тавофуқ зинда бимонд.
Таъкиди масъули нави сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бар ҳифзи БарҶом бо таваҷҷуҳ ба мавзеъгириҳои вай қабл аз расидан ба ин мақом қобили дарк аст. Вай ба саошкоргуӣ шӯҳрат дорад ва борҳо аз сиёсатҳои якҷонбаи Амрико интиқод кардааст. Боррел ҳудуди ду моҳ қабл яъне дар 7 октябри 2019 бо таъкид бар лузуми ҳифзи БарҶом гуфт: Мо бояд ба манзури ҳифозат аз манофеъ ва амниятамон ва барои ҷилавгирӣ аз ташдиди авзоъ, тавофуқ ҳастаии БарҶомро зинда нигаҳ дорем. Якпорчагии сиёсии аврупоииҳо барои ҳифзи ин тавофуқ ҳаётӣ хоҳад буд.Ба ин тартиб интизор меравад, ки масъули нави сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо таваҷҷуҳ ба вазъияти номусоиди БарҶом , авлавияти кории худро талош барои сомонбахшӣ ба иқдомоти Аврупо барои ҳифзи ин тавофуқ кунад.
Иттиҳодияи Аврупо ва се кишвари аврупоӣ ( Олмон, Биритониё ва Франса )баъд аз хурӯҷи ғайриқонунии Америка аз БарҶом дар маи 2018 ваъда доданд,ки бо тазмини манофеъи иқтисодии Эрон аз тариқи анҷоми тадбирҳои амалӣ монанди эҷоди созу кори вежаи молӣ мавсум ба Инстекс ин тавофуқро ҳифз кунанд. Аврупоииҳо ба вуҷуди мухолифати лафзӣ бо иқдоми зиддибарҷомии Вашингтон , то кунун дар амалӣ кардани муассири ваъдаҳои худ барои ҳифзи ин тавофуқ муваффақияте надоштаанд. Эрон пас аз як сол аз хурӯҷи Амрико аз БарҶом ва бо поён додан ба сиёсати сабри стратегӣ ва низ исботи нокоромадии роҳкорҳои пешниҳодии Аврупо барои ҷуброни паёмадҳои иқтисодии хурӯҷи Амрико аз БарҶом, эълом кард,ки бахше аз тааҳҳудоти барҷомии худро бар асос бандҳои 26 ва 36 ин тавофуқ муаллақ мекунад. Бар асоси бандҳои 26 ва 36-и БарҶом, дар сурати пойбанд набудани тарафи муқобил ба тааҳҳудоташ, Эрон ҳақ дорад иҷрои тааҳҳудоти худро ба шакли куллӣ ё ҷузӣ мутаваққиф кунад .Эрон то кунун дар 4 гом аз тааҳҳудоти барҷомиаш костааст. Теҳрон бо таъкид бар идомаи коҳиши тааҳҳудоти барҷомии худ тасреҳ кардааст,ки ин иқдомот дар сурате, ки шарикони БарҶом, гомҳои лозимро барои ифои тааҳҳудоти худ бардоранд ба суръат қобили бозгашт ҳастанд.Ба гуфтаи Исҳоқи оли Ҳабиб-муовини раиси намояндагии Эрон дар Созмони Миллал : Эрон беш аз ин наметавонд, набояд ва намехоҳад бори ҳифзи БарҶомро ба танҳоӣ бар душ гирад.
Ба назар мерасад Аврупо агар воқеан қасди ҳифзи БарҶомро дорад дар давраи масъулияти Боррел бояд сиёсати маслиҳаткоронаи кунуниро канор гузошта ва бо қотеъият дар баробари иқдомоти якҷонбагароёнаи давлати Трамп ба вежа хурӯҷ аз БарҶом истодагӣ кунад. Ин масъала бо таваҷҷуҳ ба таъкидоти Боррел дар заминаи лузуми муқобила бо якҷонибагароӣ маъно пайдо мекунад.Гузашта аз ин Боррел дар мусоҳибаи ахири худ бар зарурати дар пеш гирифтани сиёсатҳои вежа дар Иттиҳодияи Аврупо барои муқобила бо иқдомоти чолиш барангез Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико таъкид кардааст. Боррел дар аввалҳои июли 2019 низ бо баёни ин ки Эрон то кунун БарҶомро поймол накарда, давлати Трампро пой молкунандаи ин тавофуқ хонд ва гуфт: Аврупо ҳама талоши худро барои ҳифзи БарҶом анҷом додааст.
Акнун Иттиҳодияи Аврупо бояд ба ҷойи таҳдиди Эрон ба бурдани БарҶом ба Шӯрои амният ва бозгардондани таҳримҳои ҳастаӣ , рӯйкарди созандаеро дар заминаи амалӣ кардани ҳар чӣ зудтари тааҳҳудоти барҷомии худ дар пеш гирад, то Эрон низ бори дигар иҷрои тааҳҳудоти худ дар чорчуби БарҶомро аз сар гирад.