Декабр 02, 2019 19:47 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди кулоҳи эминии махсуси бонувони муҳаҷҷаба дар Индонезия

Як ширкати тавлидкунандаи кулоҳ (Каска-Helmet)дар Индонезия, маҳсулотеро муносиби занони муҳаҷҷаба тавлид кардааст.

Ширкати Карглас дар Индонезия, ки тавлидкунандаи кулоҳ барои моторсаворон аст, бо тарроҳии як кулоҳи муносиб барои бонувони муҳаҷҷабаи моторсавор, талош мекунанд, ризояти муштариёни мусалмони худро ҷалб кунанд.

Ба гузориши ИКНА, онҳо мегӯянд, чашмандози бозори истифодакунандагон аз маҳсулоти марбут ба ҳиҷоб дар ин кишвар рӯ ба рушд аст.

Момон Ҳорумон, масъули бахши таҳқиқ ва тавсеаи ин ширкат мегӯяд, бештари мардуми Индонезия мусалмон ҳастанд ва бисёре аз занон моторсаворӣ мекунанд ва ба ҳамин далел, мо ин кулоҳро тарроҳӣ кардем.

Аввалин вижагии хосси ин кулоҳ, истифода аз рангҳои мутанаввеъ дар он аст ва вижагии муҳиммтар, бахши дохилии он аст, ки барои истифода ҳамзамон аз русарӣ, муносибсозӣ шудааст.

Ба гуфтаи Ҳорумон, заноне, ки русарӣ бар сар доранд бо гузоштани ин кулоҳ бар сари худ, эҳсоси нороҳатӣ намекунанд, чун тарроҳии дохили он барои истифода бисёр муносиб аст.

 

Барчасп