Пентагон: хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ба тавофуқи Толибон вобаста нест
(last modified Tue, 03 Dec 2019 08:57:51 GMT )
Декабр 03, 2019 13:57 Asia/Dushanbe
  • Пентагон: хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ба тавофуқи Толибон вобаста нест

Вазорати дифои Амрико ҳаргуна иртиботи илзомии хуруҷи низомиёни ин кишвар аз Афғонистон ба тавофуқ кардан бо гуруҳи Толибонро рад кард.

Марк Аспер вазири дифои Иёлати Муттаҳида бомдоди сешанбе гуфт, хориҷ кардани низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон лузуман ба ҳусули тавофуқ бо гуруҳи Толибон муртабит нест.

Ба нақл аз Форс, Аспер зимни баёни ин ки коҳиши теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон сарфи назар аз талошҳо барои расидан ба тавофуқи сулҳ анҷом хоҳад шуд гуфт, ҳар гуна ақибнишинии низомӣ аз ин кишвар иртиботи мустақим бо тавофуқ бо Толибон надорад.

Вай бидуни ироаи омор дар бораи теъдоди низомиёни амрикоӣ, ки қарор аст аз Афғонистон хориҷ шаванд тавзеҳ дод, мутмаинам, ки мо метавонем теъдоди низомиёни худро дар Афғонистон коҳиш диҳем ва дар айни ҳол мутмаин шавем, ки онҷон ба пойгоҳи амне барои террористҳое, ки метавонанд ба Амрико ҳамла кунанд табдил нашавад.

Давлати Трамп моҳи пеш ба сурати ғайримунтазираи музокирот бо Толибонро барои поён додан ба ҷанги 18 сола дар Афғоинстон мутаваққиф кард. Трамп дар твитте муддаӣ шуд, ки қарор буда дар Кампи Девид бо ҳайате аз Толибон дидор кунад, аммо чун ин гуруҳ ахиран дар Кобул бомбе тарконда, ӯ аз анҷоми ин дидор мунсариф шудааст.

Қарор буд дар ин дидор тавофуқе, ки аз зимистони соли гузашта таҳти музокира қарор дошт ниҳоӣ шавад. Ин тавофуқ нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистонро аз 14 ҳазор нафар ба 8600 нафар коҳиш дода ва дар муқобил Толибонро мутааҳид мекард вориди музокироти сулҳи мустақим бо давлати Афғонистон шуда ва гуруҳҳои террористии байналмиллалӣ монанди Алқоидаро низ маҳкум кунад.