Имзои қарордоди даҳсолаи транзити нафт байни Русия ва Украина
(last modified Wed, 04 Dec 2019 06:03:00 GMT )
Декабр 04, 2019 11:03 Asia/Dushanbe
  • Имзои қарордоди даҳсолаи транзити нафт байни Русия ва Украина

Ширкати давлатии "Транснефт"-и Русия ва ширкати давлатии нафтии Украина бо вуҷуди ихтилоф миёни сарони сиёсии ду кишвар, қарордоди даҳсолаи транзити нафт имзо карданд.

Ба нақл аз ИРНА, дафтари матбуотии ширкати "Укртранснафто" рӯзи сешанбе эълом кард, "Укртранснафто" ва "Транснефт"-и Русия бо имзои қарордоди илҳоқӣ, санади транзити нафти Русия аз тариқи Украина ба Аврупоро барои 10 соли дигар тамдид карданд.

Бар асоси иттилооти ширкати "Укртранснафто" дар 10 моҳи гузаштаи ин ширкат 12 миллиону 606 ҳазор тонна нафтро аз Русия ҳамл карда, ки 10 миллиону 637 ҳазор тонна барои транзит ба мақсади Аврупо ва бақия барои масрафи дохилии Украина будааст.

Равобити Русия ва Украина дар арсаи энергетикӣ таҳти таъсири танишҳои шадид байни ду кишвар нисбат ба пеш аз соли 2014 коҳиш ёфтааст.