Даргирии Ҳинд ва Покистон дар хати контроли Кашмир
Манобеи амниятӣ аз ҳамлаи нерӯҳои артиши Ҳинд ва Покистон ба мавозеи якдигар дар хати контроли Кашмир хабар доданд.
Ба гузориши канали радио ва телевизиони урдуи “Саҳар”, нерӯҳои марзбонии Ҳинд ва Покистон рӯзи сешанбе мавозеи якдигарро гулӯлаборон карданд, ки дар ин ҳамла ду нафар, аз ҷумла як зан кушт ва 8 нафар низ захмӣ шуданд.
Артиши Ҳинд муддаӣ шудааст, нерӯҳои покистонӣ тавофуқи оташбасро нақз карданд ва маҳалли истиқрори нерӯҳои ҳиндӣ ва манотиқи ғайринизомиро дар наздики хати контроли Кашмир ҳадаф қарор доданд.
Ҳинд ва Покистон дар соли 2003 тавофуқи оташбас дар хати контроли Кашмирро имзо карданд, аммо аз он замон ҳар ду кишвар борҳо онро нақз кардаанд.
Кашмир яке аз муҳимтарин масоили мавриди ихтилоф миёни Ҳинд ва Покистон аст ва ҳар ду кишвар иддаои моликият бар онро доранд.