Декабр 05, 2019 12:07 Asia/Dushanbe
  • Такзиби эҳтимоли эъзоми 14000 нерӯ ба ғарби Осиё аз сӯи Пентагон

Пентагон эҳтимоли эъзоми 14000 нерӯ ба ғарби Осиёро такзиб кард.

Сухангӯи Вазорати дифои Амрико иддаои рӯзномаи “Вол стрит журнал” дар хусуси эҳтимоли эъзоми 14000 нерӯи низомии Амрико ба минтақаи ғарби Осиёро такзиб кард.

Ба гузориши “Форс”, Алиса Фараҳ дар Твиттер навиштааст, ин гузориши “Вол стрит журнал” ғалат аст. Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли эъзоми 14000 нерӯ ба Ховари Миёна барои муқобила бо Эрон нест.

Вай албатта дар ин паём мушаххас накардааст, ки теъдоди нерӯҳои эъзом ё маъмурияти онҳо нодуруст аст ё асли эъзоми нерӯҳои изофа ба минтақа.

Сооте пеш “Вол стрит журнал” ба нақл аз манобеи мутталеъ аз эҳтимоли афзоиши қобили таваҷҷуҳи шумори нерӯҳои амрикоӣ дар ғарби Осиё ба баҳонаи эҷоди боздорандагӣ дар баробари Эрон хабар дода буд.

Ба иддаои ин рӯзнома, дар сурати таъйиди ниҳоии ин тарҳ, даҳҳо киштӣ, таҷҳизоти низомии тоза ва шояд то 14000 нерӯи низомии дигар ба ғарби Осиё эъзом шавад.