Декабр 05, 2019 21:04 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Русия барои барқарории равобити ҷудогона бо кишварҳои аврупоӣ

Нахуствазири Русия эълом кард, ин кишвар барои барқарории равобити ҷудогона бо кишварҳои аврупоӣ омодагӣ дорад.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия рӯзи панҷшанбе гуфт, чунончӣ кишварҳои аврупоӣ, омодагии муқобила бо мушкилотро ба сурати гурӯҳӣ надоранд, Маскав омодааст равобити ҷудогона бо онҳо барқарор кунад.

Нахуствазири Русия зимни ёдоварии ин, ки тамоми тасмимоти Иттиҳоди Аврупо ба сурати ҷамъӣ иттихоз мешавад, сиёсатҳои кунунии ин иттиҳодияро дар қиболи Русия «кӯтаҳбинона» тавсиф кард.

Медведев ҳамчунин гуфт, амрикоиҳо ҳеҷ аҳамияте ба вахомати равобити иқтисодӣ, миёни Русия ва Иттиҳоди Аврупо намедиҳанд.

Вай афзуд, акнун тиҷорати Русия бо аврупоиҳо нисф шуда, аммо бо Чин ба мизони чашмгире афзоиш ёфтааст.

Равобити Русия ва Иттиҳоди Аврупо дар солҳои ахир баъд аз даргириҳои шарқи Украина ва низ баргузории ҳамапурсӣ дар шибҳи ҷазираи Қрим ва илҳоқи он ба Русия, пуртаниш будааст.

 

Барчасп