Декабр 07, 2019 18:58 Asia/Dushanbe
  • Аз саргирии музокироти Амрико ва Толибон дар Қатар

Манобеи хабарӣ аз оғози даври нави музокироти Амрико ва гуруҳи Толибон дар Қатар хабар доданд.

Ба нақл аз ФрансПресс, як манбаи амрикоӣ, ки номаш бурда нашудааст эълом кард, Амрико рӯзи шанбе музокироти худро бо гуруҳи Толибони Афғонистон дар Қатар аз сар гирифтааст.

Раёсати ҳайати музокиракунанда бо гуруҳи Толибонро Зулмо Халилзод намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон бар уҳда дорад.

Пас аз 9 даври музокироти беҳосил ва шикаст ва таваққуфи музокироти Амрико бо гуруҳи Толибон акнун давлатмардони амрикоӣ ба дунболи эҳёи ин музокироти шикаст хурда ҳастанд.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико авосити сентябри 2019 музокирот бо гуруҳи Толибонро пас аз баргузории 9 даври музокира дар Қатар мутавақиф кард.

То кунун музокироти намояндагони Амрико бо гуруҳи Толибон на танҳо натиҷае барои мардуми Афғонистон надоштааст, балки боис шуда, то ҷанг, даргирӣ ва ҳамалоти террористӣ дар ин кишвар бештар низ шавад.

Гуруҳи Толибон ҳам то кунун дархости Кобул барои аз саргирии музокироти мустақим бо давлати Афғонистонро напазируфтааст.

Барчасп