Лавров: мушкилоти Эрон бархоста аз таҳримҳои ғайриқонунии Амрико аст
Вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард, мушкилоти ҳозираи Эрон бархоста аз таҳримҳо ва фишорҳои ғайриқонунӣ ва талоши Вашингтон барои эҷоди норизоятии умумӣ дар ин кишвар аст.
Ба нақл аз хабаргузории Тос, Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа дар панҷумин Конфронси байналмиллалии Мидитарона диалоги римӣ дар Италия дар бораи таҳаввулоти Эрон гуфт, шароит ва мушкилоти кунунии ин кишвар ба сурати густарда натиҷаи сиёсати фишори иқтисодии ҳадиаксарии Амрико аст, ки ба таври комилан ғайриқонунӣ ва пас аз хуруҷи ғайриқонунӣ аз БАРҶОМ алайҳи Эрон таҳмил кардааст.
Лавров афзуд, ин аввалинбор нест, ки Амрико аз ин шева истифода мекунад.
Вазири умури хориҷаи Русия бо интиқод аз сиёсатҳои Амрико гуфт, равишҳои бостонӣ ва якҷонибаи ҳалли масоил бояд канор гузошта шавад зеро имрӯз ба чандҷонибагароӣ ва амал дар чорчуби қавонин ва созмонҳои байналмиллалӣ ниёз аст.
Давлати Амрико баъд аз хуруҷи ғайриқонунӣ аз БАРҶОМ дар 8 майи 2018 корзории ҳамаҷониба барои иҷроии фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохта ва анвои таҳримҳоро эъмол карда, аммо натавонистааст Ҷумҳурии исломии Эронро муқобили хостаҳои номашруи худ таслим кунад.