Декабр 08, 2019 13:25 Asia/Dushanbe
  • Оташсӯзӣ дар Диҳлии Нав бо беш аз 40 кушта

Дар оташсӯзии корхонаи киф (сумка)-созӣ дар пойтахти Ҳинд камаш 43 нафар ҷон бохтанд.

Ба нақл аз Синхуа, ин оташсӯзӣ субҳи имрӯз ба вуқуъ пайваст ва ба суръат тамомии сохтмони ин корхонаро фаро гирифт.

Дар паи ин ҳодиса 50 нафар низ захмӣ шуданд.

Дар замони вуқуи ин ҳодиса даҳҳо коргар дар сохтмони корхона  дар Анаҷ Мандӣ наздикии маркази шаҳри Диҳлии Нав дар хоб буданд.

Аз иллати ин оташсӯзӣ гузорише мунташир нашудааст.