Декабр 09, 2019 11:56 Asia/Dushanbe
  • Дархости Ашраф Ғанӣ барои сармоягузории Туркия дар Афғонистон

Раиси ҷумҳури Афғонистон, ки барои ширкат дар ҳаштумин Конфронси қалби Осиё ба Туркия сафар кардааст, сармоягузории Анкара дар Афғонистонро хостор шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Анатолӣ, Ашраф Ғанӣ рӯзи якшанбе дар дидор бо раиси Шурои равобити иқтисодии хориҷии Туркия дар Истанбул аз бозаргонони ин кишвар барои сармоягузорӣ дар заминаи роҳи оҳан, тиҷорат ва иттисоли Афғонистон ба Туркия ва минтақа дар кишвараш даъват кард.

Ноил Улпок раиси Шурои равобити иқтисодии хориҷии Туркия низ гуфт, сармоягузорони ин кишварро барои сармоягузорӣ дар Афғонистон ташвиқ хоҳад кард.

Нахустин даври Конфронси қалби Осиё дар соли 2011 бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои минтақаӣ барои бозгашти сулҳ ба Афғонистон ва бо ширкати вазирони умури хориҷаи 14 кишвари Тоҷикистон, Туркия, Афғонистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Арабистон, Туркманистон ва Иморот дар Истанбул баргузор шуд.

 

Барчасп