Декабр 09, 2019 14:05 Asia/Dushanbe
  • Низомиёни рус дар пойтахти собиқи ДИИШ

Нерӯҳои низомии Русия барои нахустин бор вориди шаҳри Раққа пойтахти собиқи гуруҳи террористии ДИИШ шуданд.

Ба нақл аз Спутник, нерӯҳои низомии русӣ барои кумакҳои башардӯстона вориди шаҳри Раққа шуданд.

Ҳамчунин пизишкони низомии Русия низ барои кумак ба сокинони Раққа вориди ин шаҳр шуданд.

Влодимир Ворновский аз афсарони Маркази мусолиҳаи Русия дар Сурия ба хабарнигорон гуфт, зерсохтҳои шаҳри Раққа дар паи амалиёти озодсозии эътилофи байналмиллалӣ ба фармондеҳии Амрико комилан нобуд шудааст ва ҳазор ғайринизомиӣ қурбонии ҳамалоти ҳавоӣ ва тупхонаӣ шудаанд.

Ворновский афзуд, То кунун поксозии харобаҳо ва минарубӣ дар Раққа анҷом нагирифтааст ва камбуди оби ошомиданӣ, дору ва маводи ғизоӣ вуҷуд дорад.

Террористҳои ДИИШ дар соли 2013 шаҳри Раққаро ба тасарруфи худ дароварданд, ки дар он замон беш аз 250 ҳазор нафар аз сокинони Раққа аз ин шаҳр фирор карданд.

ДИИШ дар соли 2014 Раққаро ба унвони пойтахти хилофати худхондааш эълом кард.

Дар октябри 2017 шаҳри Раққа пас аз як моҳ амалиёти нерӯҳои демократики Сурия ва пуштибонии нерӯи ҳавоии эътилофи байналмиллалӣ аз контроли террористҳо озод шуд.

 

Барчасп