Декабр 10, 2019 12:06 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди утоқи Эрон дар Маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев шуъбаи минтақаи Ёмосол

Бо таъкид бар густариши ҳамкориҳои фарҳангии Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, утоқи Эрон дар Маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев шуъбаи минтақаи Ёмосол эҷод мешавад.

Ба нақл аз равобит умумии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, Асғари Форсӣ ройзани фарҳангии Эрон дар Боку дар ҷараёни боздид аз маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев бо хонум Номина Умарова раиси шуъбаи минтақаи Ёмосоли ин маркази фарҳангӣ дидор ва гуфтугӯ кард.

Форсӣ дар суханоне бо ишора ба иштирокоти амиқи фарҳангӣ, таърихӣ ва динии Эрон ва Ҷумҳурии Озарйбоҷон бар аҳамияти муаррифии ин зарфиятҳои азим ба насли ҷавон таъкид кард.

Ройзани фарҳангии Эрон дар Боку ҳамчунин пешниҳоди эҷоди гушаи Эрон дар ин марказро дод ва гуфт, ба манзури ошноии рӯзафзуни фарҳанги дустон ва алоқамандон теъдоде китоби Эроншиносӣ бо мавзӯъоти таърих, ҷуғрофиё, романҳои адабии куҳан ва муосир ба ин марказ эҳдо мешавад.

Хонум Номина Умарова дар суханони худ, Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷонро кишварҳои дуст ва бародар тавсиф кард ва бо ишора ба иштирокоти фарҳангии ду кишвар афзуд, фарҳанг ва тамаддуни ғании Эрон саршор аз матнҳо ва манобеи арзишманде аст, ки ҳеҷ муҳаққиқ ва адибе наметавонад аз муроҷеа ба онҳо бениёз бошад.

Барчасп