Ройзании Зариф ва Ашраф Ғанӣ дар бораи гуфтугӯҳои сулҳ дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49008-Ройзании_Зариф_ва_Ашраф_Ғанӣ_дар_бораи_гуфтугӯҳои_сулҳ_дар_Афғонистон
Вазири умури хориҷаи Эрон ва раиси ҷумҳури Афғонистон, гуфтӯҳои сулҳ миёни гуруҳҳои афғонистонӣ бо меҳварияти давлати ин кишварро мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор доданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 10, 2019 13:18 Asia/Dushanbe
  • Ройзании Зариф ва Ашраф Ғанӣ дар бораи гуфтугӯҳои сулҳ дар Афғонистон

Вазири умури хориҷаи Эрон ва раиси ҷумҳури Афғонистон, гуфтӯҳои сулҳ миёни гуруҳҳои афғонистонӣ бо меҳварияти давлати ин кишварро мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар Истанбул бо Муҳаммад Ашрафғанӣ раиси ҷумҳури Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Равобити дуҷонибаи таҳаввулоти сиёсии равон дар Афғонистон ба вижа гуфтугӯҳои сулҳ миёни гуруҳҳои афғонистонӣ бо меҳварияти давлати ин кишвар аз меҳварҳои аслии гуфтугӯ дар ин дидор буд.

Зариф, ки барои ширкат дар ҳаштумин нишасти вазирони "Қалби Осиё-раванди Истанбул" ба Туркия сафар кардааст,  пеш аз ин бо Мавлуд Човуш Уғлу вазири умури хориҷаи Туркия дидор ва гуфтугӯ кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар ҳаштумин нишасти вазирони "Қалби Осиё-раванди Истанбул" бо таъкид бар зарурати ҳифзи ваҳдат дар Афғонистон тасреҳ кард, Эрон аз фароянди сулҳи афғон-афғон таҳти моликият ва ҳидояти афғонистониҳо бо мушорикати тамомии гуруҳҳо ва ҷиноҳҳои сиёсӣ аз ҷумла Толибон бо марказияти давлати Афғонистон ҳимоят мекунад.

Ҳаштумин Конфронси вазирони умури хориҷаи Қалби Осиё мавсум ба раванди Истанбул душанбе дар Истанбул оғоз ба кор кард.

Конфронси Қалби Осиё дар соли 2011 бо меҳварияти Афғонистон ва бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои минтақаӣ дар баробари Кобул бо мушорикати 14 кишвар аз ҷумла Эрон, Туркия ва Афғонистон ва ҳимояти 17 кишвар ва чандин ниҳод ва созмони байналмиллалӣ оғоз ба кор кард.