Таҳдид шудани дипломатҳои Олмон ба ихроҷ аз Русия
(last modified Tue, 10 Dec 2019 14:15:34 GMT )
Декабр 10, 2019 19:15 Asia/Dushanbe
  • Таҳдид шудани дипломатҳои Олмон ба ихроҷ аз Русия

Ихроҷи ду дипломати рус аз Олмон ба далели ҷараёноти марбут ба қатли як гурҷӣ дар Берлин ба вокуниши таҳдидомези Русия мунҷар шуд.

Ба гузориши ҳафтаномаи “Шпигел”, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия шаби душанбе изҳор кард: “Як қоида вуҷуд дорад мабни бар ин ки шумо дипломатҳои моро ихроҷ кардаед ва мо ҳам дипломатҳои шуморо ихроҷ мекунем”. Путин таъкид кард, ин дипломатҳои рус ҳеҷ иртиботе бо қатли он гурҷӣ дар Берлин надоштанд, мақтул яке аз созмондиҳандагони ҳамлаи террористӣ дар метрои Маскав дар соли 2010 будааст.

Қатли як шаҳрванди Гурҷистон дар боғи ҳайвонот дар Берлин дар моҳи август муносиботи байни Берлин ва Маскавро хадшадор ва як буҳрони дипломатиро эҷод кардааст. Берлин ду дипломати русро ба далели ҳамкорӣ накардани Русия барои шаффофсозӣ дар бораи ин парванда ихроҷ кардааст.

Зелимхон Хангошвили, шаҳрванди Гурҷистон, ки фармондеҳии як гурӯҳи чеченӣ дар дувумин ҷанг бо низомиёни русро бар уҳда дошт, дар августи соли 2019 дар Берлин ба зарби гулӯла кушта шуд. Мақомоти додситонии Олмон бар ин ақидаанд, ки Хадамоти махфии Вазорати дифои Русия ва ҳатто авомили чеченӣ дар ин террор даст доштаанд.