Ҳамла ба низомиёни амрикоӣ дар Багроми Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49033-Ҳамла_ба_низомиёни_амрикоӣ_дар_Багроми_Афғонистон
Фармондеҳи пулиси вилояти Парвон дар шимоли Афғонистон, аз вуқӯи инфиҷор дар наздикии корвони низомиёни амрикоӣ дар шаҳри Багром хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Декабр 11, 2019 12:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба низомиёни амрикоӣ дар Багроми Афғонистон

Фармондеҳи пулиси вилояти Парвон дар шимоли Афғонистон, аз вуқӯи инфиҷор дар наздикии корвони низомиёни амрикоӣ дар шаҳри Багром хабар дод.

Муҳаммадмаҳфузи Вализода гуфт: Ин инфиҷор субҳи имрӯз, чоршанбе замоне рӯй дод, ки муҳоҷимон бо як дастгоҳ мошини бомбгузоришуда ба корвони гаштзании низомиёни амрикоӣ дар шаҳристони Багром ҳамла карданд.

Бархе гузоришҳо аз ҳамлаи муҳоҷимон ба пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Багром низ ҳикоят дорад.

То кунун аз талафоти эҳтимолии ин ҳамла гузорише мунташир нашудааст.