Декабр 11, 2019 14:10 Asia/Dushanbe
  • Оғози музокироти сулҳи Сурия дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон

Дуввумин рӯзи музокироти сулҳи Сурия дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон оғоз шуд.

Дар дуввумин рӯз аз музокироти сулҳи Сурия, ки субҳи рӯзи чоршанбе оғоз шудааст, ҳайатҳои зомини сулҳ шомили Ҷумҳурии исломии Эрон, Русия ва Туркия ширкат доранд.

Бар асоси ин гузориш, нишасти поёнӣ баъд аз зуҳри имрӯз баргузор мешавад.

Алиасғари Хоҷӣ, дастёри аршади вазири умури хориҷаи Эрон дар умури вижаи сиёсӣ дар ин нишаст ҳузур дорад.

Музокироти Остона аз январи 2017 бо ибтикори Эрон ва ҳамкории Русия ва Туркия, бо ҳадафи барқарории сулҳ дар Сурия оғоз шудааст.

Эрон, Туркия ва Русия ба унвони кишварҳои зомини раванди Остона, барои ҳалли бӯҳрони Сурия талош мекунанд.

 

 

Барчасп