Декабр 12, 2019 18:21 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми дигари давлати Ҳинд зидди мусалмонон

Додгоҳи Ҳинд бо судури ҳукме тамоми масъулони вақти иёлати  Gujarat-и ин кишварро дар қатли оми ҳудуди 1000 тан аз мусалмон табраа кард.

Ба гузориши Dawn News, тибқи ҳукми додгоҳ Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд, ки дар замони ин қатли ом сарвазири иёлати Гуҷарот буд, ба ҳамроҳи тамоми масъулони интизомии ин иёлат табраа шуданд.

Додгоҳ дар ҳукми худ тасреҳ кард, мадраке вуҷуд надорад, ки тибқи он битавон масъулони вақти иёлати Гуҷаротро дар қатли оми мусилмонони ин иёлат муқассир бидонем.

Кумитаи таҳқиқоти ин парванда, ҳар гуна дастури расмӣ барои куштори мусалмононро рад ва эълом кард, кушта шудани ин теъдод шаҳрванди ҳиндӣ иттифоқ будааст.

Ба ин тартиб нахуствазири Ҳинд дар яке аз ҷиддитарин парвандҳҳое, ки зидди вай вуҷуд дошт табраа шудааст.

Дар ҳамлаи ҳиндуҳои ифротӣ зидди мусалмонон дар иёлат Гуҷарот дар соли 2002 ҳудуди 1000 нафар кушта шуданд.

Додгоҳи олии Ҳинд ахиран низ дар ҳимояти ошкор ва ҷонибдорона аз ҳиндуҳои ифротӣ ва ҳизби “Bharatiya Janata Party” (БҶП-ҳизби ҳоким) тайи ҳукме, замини масҷиди Бобириро ба ҳиндуҳо вогузар ва эълом кард, онҳо метавонанд маъбади Ромро дар замини ин масҷид дар шаҳри Файзободи иёлати Уттар Прадеш бино кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки маҷлиси Санои Ҳинд рӯзи чаҳоршанбе лоиҳаи эътои шаҳрвандӣ ба ақаллиятҳои ғайримусалмони муҳоҷир аз кишварҳои ҳамсояро тасвиб кардааст.

 

Барчасп