Декабр 13, 2019 18:28 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи музокироти гурӯҳи Толибон ва Амрико дар Қатар

Даври ҷадиди музокироти Амрико ва Толибон, ки авоили ин ҳафта дар Қатар азсар гирифта шуда буд, бори дигар мутаваққиф шудааст.

Зулмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон як рӯз пас аз ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба бузургтарин пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Багроми Афғонистон, бо интишори ёддоште дар Твиттер навишт: “Мо таваққуфи кӯтоҳе мекунем то гурӯҳи Толибон бо раҳбарони худ машварат кунанд”.

Ба гуфтаи Халилзод, Толибон бояд нишон диҳад, ки тамоюл ба сулҳ дорад.

Дар ҳоле, ки музокироти Амрико ва Толибон дар Қатар идома дошт, гурӯҳи Толибон ду мошини бомбагузоришударо дар наздики пойгоҳи низомии Багром мунфаҷир кард.

Гурӯҳи Толибон, ки хоҳони хуруҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон аст, борҳо ба ин пойгоҳ ҳамла кардааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико миёнаҳои моҳи сентябри 2019 музокирот бо гурӯҳи Толибонро пас аз баргузории 9 даври музокира дар Қатар мутаваққиф карда буд.

То кунун музокироти намояндагони Амрико бо гурӯҳи Толибон на танҳо натиҷае барои мардуми Афғонистон надоштааст, балки боис шуда то ҷанг, даргирӣ ва ҳамалоти террористӣ дар ин кишвар бештар низ шавад.

 

Барчасп