Декабр 13, 2019 18:56 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Созмони Милал ба қонуни табъизомез алайҳи мусулмонон

Дар ҳоле, ки эътирозот ба тасвиби тарҳе дар заминаи ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар Ҳинд идома дорад, Созмони Милал таъкид кард, ин тарҳ асосан табъизомез аст ва бояд бознигарӣ шавад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бар асоси ин тарҳ, давлати Ҳинд қарор аст ба шаҳрвандони ақаллияти кишварҳои ҳамсоя, ки ғайримусулмон ҳастанд, ҳуқуқи шаҳрвандӣ эъто кунад.

Тибқи ин мусавваба, ки ба тасвиби маҷлиси аъёни Ҳинд расидааст, ба ақаллиятҳое дар кишварҳои Бангладеш, Афғонистон ва Покистон, ки ба иддаои ин лоиҳа “таҳти зулм” ҳастанд, имтиёзи шаҳрвандии Ҳинд эъто мешавад аммо мусулмонон машмули ин қонун намешаванд!

Намояндагони парлумони Ҳинд чаҳоршанбешаб бо 125 раъйи мувофиқ дар муқобили 105 раъйи мухолиф, ин лоиҳаро тасвиб карда буд.

Қонуни фавқ ба ҳиндуҳо, сикҳо, буддоиҳо, чиниҳо, порсиён ва масеҳиёне, ки қабл аз 31 декабри 2014 аз се кишвари Покистон, Афғонистон ва Бангладеш ба Ҳинд муҳоҷират кардаанд, имтиёзи шаҳрвандӣ эъто мекунад, ки маҷмӯи ин афрод чандин миллион нафар мешаванд.

Тасвиби тарҳи “тағйироти ҳуқуқи шаҳрвандӣ” дар маҷлиси аъёни Ҳинд эътирозоти густурдаеро дар бахшҳое аз ин кишвар барангехт.

Бисёре аз мунтақидони давлати Моди муътақиданд, ки ин тарҳ бо ҳадафи инзивои бештари мусулмонони Ҳинд таҳия ва тасвиб шудааст.

Пеш аз ин низ давлати Ҳинд ҳудуди ду миллион мусулмонро, ки аслияти бангладешӣ доранд, аз ҳаққи шаҳрвандии Ҳинд маҳрум кард, ки ин афрод эҳтимолан аз кишвар ихроҷ хоҳанд шуд.

 

Барчасп