Декабр 14, 2019 11:31 Asia/Dushanbe
  • Тоблуи вуруд мамнуъи Ҳинд барои мусалмонон

Маҷлиси миллии Ҳиндустон лоиҳаи эътои шаҳрвандӣ ба ақалиятҳои ғайри мусалмонро тасвиб кард.

Ба нақл аз Ҳавзаҳ,  Маҷлиси санои Ҳинд рӯзи чоршанбе қонуни эътои шаҳрвандӣ ба ақалиятҳои ғайримусалмони ин кишварро тасвиб кард. Ин қонун як рӯз пас аз тасвиб дар парлумони Ҳинд, дар маҷлиси санои ин кишвар низ бо 125 райи мувофиқ дар баробари 105 райи мухолиф ба тасвиб расид.

Ин лоиҳа ибтидо дар соли 2016 дар парлумони Ҳинд матраҳ шуд аммо ба далели эътирозҳои густарда, расидагӣ ба он ба замони дигаре интиқол ёфт.

Умматшоҳ, вазири дохилии федероли Ҳиндустон аз Ҳизби ҳокими ин кишвар, ин лоиҳаи қонунро дар Луксабҳо, ё ҳамон Маҷлис муарифӣ кард ва ҳукумат мегуяд ҳадафи ин қонун муҳофизат аз касоне аст,ки аз пайгарди диннӣ фирор карданд.

Бар асоси ин лоиҳа, будоиҳо, масеҳиён, ҳиндуҳо, порсиён ( Зардуштиҳо ) ва сикҳое,ки пеш аз соли 2015 и мелодӣ аз Афғонистон , Бангладнш, ва Покистон гурехтаанд, аз ҷумлаи ақалиятҳои мазҳабие ҳастанд,ки метавонанд шаҳрвандии Ҳиндро дарёфт кунанд, аммо агар дар байни инҳо касоне мусалмон бошанд наметавонанд шаҳрванди Ҳинд шаванд.

Пеш аз ин қонуни шаҳрвандии Ҳинд, шароити хосеро барои афроди мутақозии дарёфти тобеияти Ҳинд таъйин мекард. Яке аз ин шароити мутақозиро муҷоб ба вуруди қонунӣ ба Ҳинд ва 14 сол зиндагӣ дар ин кишвар мекунад. Аммо дар лоиҳаи нав ин шароит ҳазф шудааст ва фарди мутақозӣ танҳо бо 5 соли ҳузур дар Ҳинд метавонад барои дарёфти тобеъияти ин кишвар иқдом кунад. Лоиҳаи нав ҳамчунин ба афроди мутақозӣ ин имконро медиҳад,ки ҳатто дар сурати вуруди ғайри қонунӣ ба Ҳинд битавонанд барои дарёфти тобеъияти ҳиндӣ иқдом кунанд.

Аз суи дигар Норнадро Мудӣ нахуствазири Ҳинд ҳам дар паёме хитоб ба мардуми шимол шарқи ин кишвар эълом кардааст,ки ин лоиҳа ҳеҷ ҳуқуқеро аз онҳо салб намекунад ва мардуми Осом набояд нигарони ояндаи худ бошанд.

Мавлави Муҳаммадраҳмонӣ дабири кулли ҳайати мудираи ҳуқуқии мусалмонони Ҳинд ҳам мегуяд; 9 ноябр ва 11 декабри 2019 рӯзҳои сиёҳ дар таърихи Ҳиндустон аст, дар 9 ноябр бо ҳукми мутаъасибона дар мавриди масҷиди Бобарӣ мехостанд иззати девони олиро хадашадор кунанд ва дар 11 декабр ҳам низоми демократӣ ва иқтидори миллати Ҳиндро барои тақвияти як Мазҳаби хос қурбонӣ карданд. Бо тасвиби ин лоиҳа зидди қонуни асосии кишвар фақат муҳоҷирони мусалмон овора хоҳанд шуд.

 Ҳамчунин артиши Ҳинд нерӯҳои худро дар ростои саркуби эътирозҳо ба ин қонуни табъизомез алайҳи мусалмонон, ба Иёлоти Осом дар шимол шарқи ин кишвар эъзом кард ва  то акнун 3 тан аз тазоҳуроткунандагон бо шилики артиш кушта шуданд.