Монеатарошии Амрико барои содироти таҷҳизоти пизишкии Кореяи Ҷанубӣ ба Эрон
(last modified Sat, 14 Dec 2019 14:42:44 GMT )
Декабр 14, 2019 19:42 Asia/Dushanbe
  • Монеатарошии Амрико барои содироти таҷҳизоти пизишкии Кореяи Ҷанубӣ ба Эрон

Вазорати умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ бо ишора ба мухолифати Вашингтон бо содироти колоҳои башардӯстона монанди дору, ғизо ва таҷҳизоти пизишкӣ ба Эрон эълом кард, Сеол дар ин иртибот дар ҳоли гуфтугӯ бо Амрико аст.

Ба нақл аз хабаргузории Юнҳоп, як манбаъ дар Вазорати умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ, ки нахост номаш фош шавад рӯзи шанбе эълом кард, Сеол бо Теҳрон ва Вашингтон дар бораи тиҷорати инсондӯстона дар ҳоли машварат аст.

Мақомҳои масъул аз Вазорати хориҷа, Вазорати саноат ва Вазорати дороии Кореяи Ҷанубӣ ба Амрико сафар карда ва бо мақомоти амрикоӣ дар бораи ин мавзӯъ гуфтугӯ кардаанд.

Тибқи гузориши Юнҳоп, Эрон низ эътирози худро ба таваққуфи содироти таҷҳизоти пизишкии Кореяи Ҷанубӣ ба сафири ин кишвар дар Теҳрон иблоғ кардааст.

Гузоришҳо ҳокӣ аст аз моҳи апрели 2019, ки Амрико муофиятҳои таҳримӣ алайҳи Теҳронро бекор кард, ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ барои фуруш ва ирсоли ақлом, таҷҳизоти пизишкӣ, дору ва тавлидоти дигари башардӯстона ба Эрон бо мушкил ру ба ру ҳастанд.

Мухолифати Амрико бо ирсоли таҷҳизоти пизишкӣ ва дору ба Эрон намунаи ошкоре аст, ки нишон медиҳад, амрикоиҳо дар бораи ин ки ирсоли колоҳо ва маҳсулоти башардӯстона ба Эрон машмули таҳримҳо нест, дуруғ мегуянд.