Декабр 15, 2019 13:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Кореяи Шиомлӣ ба Амрико дар бораи паёмадҳои таҳрики Пхенян

Раиси Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Кореяи Шимолӣ ба Амрико ҳушдор дод аз таҳрики Пхенян даст бардорад.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Пок Ҷонг Чун раиси  Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Кореяи Шимолӣ гуфт, агар  Амрико ва кишварҳои ситезаҷӯ соли навии ором мехоҳанд бояд таҳрик кардани  Пхенянро мутаваққиф кунанд.

Ин мақоми низомии баландпояи Кореяи Шимолӣ таъкид кард ҳадаф аз озмоишҳои мушакии ахири Пхенян эҷоди боздорандагӣ ва рафъи таҳдидоти атомии Амрико аст.

Изҳороти раиси  Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Кореяи Шимолӣ сооте пас аз он мунташир мешавад, ки Пхенян  эълом кард як озмоиши муҳим дар заминаи маторҳои мушак анҷом додааст.

Озмоиши рӯзи шанбеи Кореяи Шимолӣ дуввумин озмоиши муҳим дар заминаи маторҳои мушак дар ду ҳафтаи ахир аст.

Кореяи Шимолӣ то поёни имсол ба Амрико муҳлат додааст мавзеъҳои хасмонаи худ зидди Пхенянро тағйир диҳад дар ғайри ин сурат ба масири гузашта боз хоҳад гашт.

Бархе манобеи хабарӣ аз эҳтимоли озмоиши ҳастаӣ ё мушаки қоррапаймо аз сӯи Кореяи Шимолӣ дар рӯзҳои оянда хабар додаанд.

 

Барчасп