Такрори шартҳои Амрико барои поёни таҳримҳои Эрон
Амрико бори дигар барои поён додан ба таҳримҳои Эрон шарт гузошт.
Ба нақл аз пойгоҳи хабарии рӯзномаи Нию-ЙоркТаймз, Стивен Миночин вазири хазонадории Амрико рӯзи шанбе дар нишасти солонаи Дуҳа муддаӣ шуд, ки муҷозотҳое иқтисодии кишвараш алайҳи Эрон танҳо дар сурате поён хоҳад ёфт, ки Теҳрон шартҳои аслии Вашингтонро бипазирад.
Миночин дар суханонаш ба ҷузъиёти марбут ба шарт ё шартҳои Вашингтон барои поён додан ба таҳримҳо алайҳи Эрон ишора накард.
Вазири хазонадории Амрико ҳамчунин дар хусуси эъзоми нерӯҳои низомии Амрико ба Арабистон гуфт, истиқрори нерӯҳои артиши Иёлоти Муттаҳида дар хоки Арабистони Саудӣ бо ангезаи дифоӣ сурат гирифтааст.
Вазири дороии Амрико дар бораи ҳамла ба таъсисоти нафтии саудии Оромку гуфт, ки ин ҳамалот ҳамсанги ҳамла ба иқтисоди ҷаҳон будааст.
Ҳамоиши сиёсии Дуҳа дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе 14 ва 15 декабр бо ҳузури шуморе аз мақомҳо ва масъулони дохилӣ ва хориҷӣ дар пойтахти Қатар дар ҷануби Халиҷи Форс баргузор мешавад.