Декабр 16, 2019 14:33 Asia/Dushanbe
  • Эъломи хуруҷи 4 ҳазор низомии Амрико аз Афғонистон ҳафтаи оянда

Давлати Доналд Трамп дар назар дорад, ки дар ҳафтаи оянда хуруҷи теъдоди 4000 низомии амрикоиро аз Афғонистон эълом кунад.

Ба нақл аз Форс, дар ҳоле, ки фарозу нишебҳо дар музокироти Вашингтон ва Толибон идома дорад, як расонаи амрикоӣ аз қасди давлати Трамп барои эъломи хуруҷи 4 ҳазор низомии Амрико аз Афғонистон ҳафтаи оянда хабар додааст.

Давлати Амрико бо таваҷҷуҳ ба аз саргирии музокироти худ бо гуруҳи Толибон дар назар дорад таи ҳафтаи оянда 4 ҳазор низомӣ аз Афғонистонро хориҷ кунад, аммо ҳамчунон 8 то 9 ҳазор низомии худро дар ин кишвар нигаҳ дорад.

Мақомҳои амрикоӣ ба ин расона хабар доданд қарор аст хуруҷи 4000 низомии амрикоӣ таи чанд моҳи оянда ва ба сурати марҳалаӣ анҷом шавад.

Пеш аз ин Марк Аспер вазири дифоъ ва Марк Мейлӣ раиси Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико эълом карда буданд, ки Вашингтон дар ҳоли баррасии коҳиши ҳузури низомиёни худ дар Афғонистон ва таъкиди бештар бар руи амалиётҳои зиддитеррористӣ аст.

Ҳафтаи гузашта Толибон хабар дод, ки музокироти ин гуруҳ бо Амрико дар Дуҳа пойтахти Қатар баъд аз як вақфаи се моҳа аз сар гирифта шудааст.

Як манбаи наздик ба Толибон гуфтааст, ки ҳар ду тараф дар музокироташон дар Дуҳа дар бораи костан аз хушунатҳо ва шароити лозим барои шуруи музокироти дарунӣ байни гуруҳҳои афғонистонӣ (давлат ва Толибон) машварат карданд.

 

Барчасп