Декабр 17, 2019 18:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти садҳо таърихдони амрикоӣ аз истезоҳи Трамп

Садҳо таърихдони Амрико аз истезоҳ (импичмент)-и раисҷумҳури ин кишвар дар Конгресс ҳимоят карданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Ҳэйл”, садҳо таърихдони амрикоӣ бо имзои номаи муштараке аз истезоҳи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳимоят ва таъкид карданд, беэътиноии Трамп ба ҳокимияти қонун ҳокӣ аз вуҷуди хатари рӯшан алайҳи Қонуни Асосӣ аст. Ин пажуҳишгарон ва устодони донишгоҳ дар номаи худ, ки Созмони муҳофизат аз демократия онро мунташир кардааст, хостори он шуданд, ки Трамп бо ин сатҳ аз тахаллуфот истезоҳ ва барканор шавад. Дар ин нома омадааст, хусумати Трамп эъмоли қонуни истезоҳро дар бораи ӯ илзомӣ месозад.

Як корманди ҷомеаи иттилоотии Амрико чанде пеш фош кард, ки раисҷумҳури Амрико 25 июл дар муколамаи телефонӣ бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина вайро барои эъмоли назар дар парвандаи қазоии Ҳантер Байден, писари Ҷо Байден, аслитарин рақиби эҳтимолии Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳури соли 2020 таҳти фишор қарор додааст.

Ҷаласаи баррасии истезоҳи Трамп дар саҳни Маҷлиси намояндагони Амрико фардо, чаҳоршанбе баргузор мешавад ва Сенат низ моҳи январро барои баргузории ҷаласаи ниҳоии истезоҳ ва муҳокима эълом кардааст.