Британия дар садади афзоиши ҳузури низомӣ дар Халиҷи Форс аст
Фармондеҳи нерӯи баҳрии Британия эълом кард, ин кишвар ҳузури низомии худро дар Халиҷи Форс афзоиш медиҳад.
Тони Радакин, раиси Ситоди нерӯи баҳрии Британия рӯзи душанбе дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии ВСС гуфт, Лондон ба дунболи танишзудоӣ бо Теҳрон аст, аммо феълан тасмим гирифтааст, ки ҳузури низомии худро дар минтақаи Халиҷи Форс афзоиш диҳад. Радакин афзуд, Лондон ба мушорикат дар эътилофи баҳрии Амрико дар Халиҷи Форс идома медиҳад, ҳарчанд аз сиёсати Вашингтон алайҳи Теҳрон ҳимоят намекунад. Ин мақоми бритониёӣ дар ҳамин ҳол иддаоҳои воҳии Вашингтонро такрор кард ва Эронро таҳдиде алайҳи киштиронии кишвараш дар Халиҷи Форс хонд, ки ҳанӯз рафъ нашудааст.
Таниш дар равобити Британия ва Эрон дар тобистони гузашта, пас аз он афзоиш ёфт, ки горди соҳилии Ҷабалутториқ бо дастур ва ҳамкории нерӯи баҳрии Британия як нафткаши эрониро тавқиф кард. Ба дунболи он нерӯи баҳрии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як нафткаши Британияро 19 июл ба ҷурми нақзи қавонини дарёнавардӣ дар тангаи Ҳурмуз тавқиф кард.