Декабр 18, 2019 21:48 Asia/Dushanbe
  • Нақши силоҳҳои мамнуаи Амрико дар ибтилои сокинони Аланбори Ироқ ба саратон

Як шабакаи ироқӣ дар гузорише ба баррасии авомили паҳншавии саратон дар устони Аланбори Ироқ пардохт ва гуфт, истифодаи амрикоиҳо аз силоҳҳои мамнуа омили аслии беморӣ аст.

Манобеи хабарии Ироқ аз абъоди дигаре аз иқдомоти низомиёни террористи амрикоӣ дар ин кишвар, ба вижа устони Аланбор дар ғарби Ироқ парда бардоштанд.

Ба гузориши “Форс”, ҷанг ва истифода аз силоҳҳои мамнуа дар устони Аланбор, муҳимтарин омили паҳншавии бемории саратон дар миёни сокинони ин устон аст.

Манобеъ таъкид кардаанд, ки сокинони Аланбор ҳамчунон бо мушкилоти ношӣ аз силоҳҳои мамнуае дасту панҷа нарм мекунанд, ки амрикоиҳо дар ҳангоми ҳамла ба Ироқ, аз ин силоҳҳо дар Аланбор истифода кардаанд.

Бемороне, ки мубтало ба чунин бемориҳо шудаанд, ба шабакаи “Офоқ” гуфтаанд, ки ҳазинаи дармони ин бемориҳо муҳимтарин дағдағаи онон шуда ва доруҳои ин бемориҳо низ ҳатто дар марокизи махсуси бемориҳои саратонӣ мавҷуд нест.

Ҳамроҳи яке аз беморон мегӯяд, ки аз тумори мавҷуд дар бадани фарзандаш намунабардорӣ кардаанд ва пизишкон гуфтаанд, ки бояд ин бемор таҳт дармони шимиёӣ қарор гирад.

Мутахассисони бемориҳои саратонӣ низ мегӯяанд, ки муҳимтарин авомиле, ки боис шудааст мизони ибтило ба ин бемориҳо афзоиш ёбад, ашаъаҳои силоҳҳои мамнуа ва кушанда аст, ки мардуми Ироқро даврони ишғолгарии амрикоиҳо ҳадаф қарор дод.

 

Барчасп